Дарди дандон Имронро кушт
Бо як нигоҳ ба Имрон ошиқи зор гаштам, вале ӯ ба ман эътибор намедод. Дар як рӯз панҷ-шаш маротиба бо ҳар баҳона ба мағозаи ӯ мерафтам, то ақаллан бо диданаш хуморам бишканад.
Ҷӯраҳояш гап мепартофтанд, вале худи Имрон ягон бор бо чашми бад ба ман нигоҳ намекард. Ҳамин хислати некаш ба ман писанд афтида, маро волаю шайдои ин ҷавони ҷиддӣ ва оромтабиат гардонд. Билохира косаи сабрам лабрез гашт ва як рӯз бо баҳонаи шакар харидан ба мағозааш рафта, оҳиста коғазчаеро, ки рақами телефонамро дар он навишта будам, наздаш гузоштаму осемасар баромада омадам. Умед доштам, ки албатта ба зудӣ занг мезанад, вале аз байн ду рӯз гузашту телефон накард. “Ягон арӯси дигар доштагист” гӯён, умедамро кандам, вале рӯзи сеюм Имрон ба ман занг зада, бо баҳонаи он ки падарам аз мағоза чизе харида бурдани онро фаромӯш кардааст, маро даъват кард. Парвозкунон ба мағозааш рафтам. Имрон рост ба чашмонам нигариста пурсид: -Ман ба ту маъқул?
Шарм дошта сарамро хам кардам ва нимғурма ҷавоб додам:
-Бале.
-Ин хел бошад, бо касе гап назан, ман туро ба занӣ мегирам,-гуфт ӯ ва халтаи пурборро ба дастам дод.
Ҳамин тавр, мо аҳд бастем, ки риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар мепайвандем, аммо…
Рӯзе Имрон занг зада аз дарди дандон шикоят кард. Ман ба ӯ маслиҳат додам, ки рафта дандонашро канад. Рӯзи дигар аз падару модарам пинҳонӣ ман ҳамроҳи дӯстдоштаам ба шаҳр ба назди духтур рафтам. Имрон ба утоқи дандонпизишк даромаду ман дар пушти дар мондам.
Лаҳзае пас духтурони зиёде ба сӯйи утоқе, ки каме пештар Имрон ба он даромада буд, давиданд. Ба дилам алав афтид, ки чӣ ҳодиса рӯй дода бошад. Каме пас духтараки хилъати сафедпӯше аз утоқ берун шуд ва бо авзои гирифта аз ман пурсид:
-Шумо ба бемор кӣ мешавед?
Худамро гум карда гуфтам:
-Дӯсташ.
-Ин тавр бошад, зуд ба падару модараш занг зада бигӯед, ки тезтар расида биёянд, -гуфт духтур ва дубора ба утоқ даромад…
Телефони Имрон дар дастам буд, рақамҳои хонаашонро ёфта занг задам ва суханони духтурро расондам. Волидонаш хавотир шуда, ба зудӣ расида омаданд, вале ҷони ҷавони фарзандашонро харида натавонистанд. Имрон дар утоқи дандонпизишк ҷон ба ҷонофарин супурда, дар дили падару модар ва пайвандонаш доғи абадӣ ниҳод. Баробари шунидани ин хабари шум гӯшҳоям қулф заданд ва чунон фарёд задам, ки дару девори беморхона ба ларза даромад. Тамоми касалиҳои беморхона ба берун баромада, бо афсӯс ба ману модари ҷигарсӯхтаи Имрон, ки рӯю мӯямонро канда, дар мотами ин шаҳбачаи ормонӣ мегиристем, менигаристанд…
Ҳамин тавр Имронро ба хок супурданду ҳамроҳи дӯстдоштаам орзуҳои сабзи ман низ ба зери хоки тира рафтанд. Баъди марги Имрон овозаи ошиқии мо дар деҳа паҳн гашт, вале бароям фарқе надошт, ки мардум дар бораи ман чӣ мегӯянд, на касеро дидан мехостам, на шунидан, корам шабу рӯз фақат гиряву нола буд. Дарду ғам ба асабам сахт таъсир карда, оқибат ба бемории руҳӣ гирифтор шудам. Падару модари бечораам сарашонро ба сад дар зада, маро табобат карданд. Оҳиста-оҳиста ба худ омада бошам ҳам, то ҳол Имронро фаромӯш накардаам. Марги дӯстдоштаам маро аз зиндагӣ дилсард кардааст. Мехоҳам ҳарчи зудтар ин дунёи бевафоро тарк намуда, ба назди Имрони азизам равам, вале сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Фархундаи дидагирён.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ