Дарди дили “арӯси сархӯр”
Аз рӯзе, ки ба хонаи бахтам қадам гузоштам, бадбахтиҳо домангирам гаштанд. Аз тӯямон як ҳафта нагузашта додаршӯямро дар Русия кушта, ҷасади ба хоку хун оғуштаашро ба ватан фиристониданд. Хушдоманам тоби бардоштани ғами ҷигарсӯзи фарзандро накарда, даҳ рӯз пас аз гӯру чӯб кардани писараш бо дили хунчакон ин дунёи бевафоро падруд гуфт. Хешу табори шавҳарам ин ҳама мусибатҳоро аз пою қадами шуми мани наварӯс дониста, пичир-пичиркунон мегуфтанд: “Касофати сархӯр, омаданашро як моҳ нашуда сари хушдоману додаршӯяшро хӯрд, агар як сол истад, дар ин хона дигар ягон одами зинда намемонад….” Ин гапҳоро шунида мисли кундаалов дарун ба дарун сӯзам ҳам, сир бой надода, чунон вонамуд мекардам, ки гӯё кару кӯр ҳастам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми дарду алами худам боз шавҳарам ба гапи пайвандонаш даромада маро бераҳмона лату кӯб мекард. Падару модарам ба хонаамон фотиҳахонӣ омада, аҳволи маро дида хун хӯрда мерафтанд. Шавҳарам соли бародару модарашро доду роҳи Русияро пеш гирифт. Вай ба зудӣ кори сердаромад ёфта, ба падараш занг зада, хоҳиш кард, ки маро ба наздаш фиристанд. Хусурам бо дили нохоҳам чиптаи ҳавопаймо харида, маро гусел кард. Гумон доштам, ки акнун танҳо зиндагӣ карда, ба ҳамдигар меҳрубону қарин мешавем, вале хаёлам хом баромад. Дар Русия ҳам як рӯзи хушро надидам. Муносибати шавҳарам моҳҳои аввал бо ман чандон бад набуд, вале баъд якбора пӯстинашро чаппа пӯшида бо баҳонаи он ки аз тӯямон якуним сол гузаштаасту ман то ҳол фарзанд ба дунё наовардаам, ҷангу ҷанҷол мебардоштагӣ шуд. Қарор додем, ки ҳарду якҷоя ба назди духтур рафта аз ташхис мегузарем. Дар дил Худоро зорӣ мекардам, ки духтурон дар ман ягон нуқсу иллат наёбанд, зеро шавҳарам қасам хӯрда буд, ки агар айб дар ман бошад, дар ҳамон ҷо талоқи маро дода, ба Ватан гусел мекунад. Хушбахтона табибон дар боровар нагаштани ниҳоли умри мо шавҳарамро айбдор дониста гуфтанд: “Занат ягон иллат надорад, аз ту фарзанд намешавад!” Гумон доштам, ки баъди шунидани ин гап шасти мардакам паст мешавад, вале ба ҷойи аз паси табобат шудан шавҳари беандешаам доду фиғон бардошта гуфт: “Номаъқул кардед! Ман ягон айб надорам. Ҳамааш айби ана ҳамин зани касофатам аст. Аз рӯзе, ки ин бепою қадам ба хонаи мо омад, танҳо бадбахтӣ моро домангир аст. Додарамро бо касофатии ҳамин арӯси шумқадам куштанд, модарам мурд, ман бошам, аз лаззати падар шудан маҳрум гаштам. Ин шумқадамро дафъ мекунам…” Шавҳарам инро гуфта аз дастам кашолакунон маро аз беморхона бароварда ба такси шинонд ва рост ба фурудгоҳ бурду чипта харида ба тайёра шинонд ва дар бехи гӯшам гуфт: ““Се талоқат кардам!” Мусофирони дигар бо табъи болида ба ҳавопаймо менишастанд, мани бадбахт бошам, оби дида дар бари рӯ ба самолёт савор шудам ва то ба Душанбе расидан зор-зор гиря кардам. Азбаски касе аз омадани ман хабар надошт, ҳеҷ кас ба истиқболам наомад. Таксӣ киро карда ба хонаамон рафтам ва буду шуди гапро ба модарам гуфтам. Пайвандонам маро хеле дилбардорӣ намуданд, ки зиқ нашавам, тақдир ҳамин будааст, вале дили сӯхтаи маро на панду насиҳат таскин мебахшид, на гиряву нола, мисли арчаи барқзада барои бахти аз даст рафтаам месӯхтам. Инак, қариб як моҳ мешавад, ки дар хонаи худамон ҳастам. Бечора модарам то нисфирӯзӣ хоб кунам ҳам, як бор намегӯяд, ки духтарам хез ягон кори хонаро бикун, падарам низ ба ман гапи пасту баланд намезанад, зеро хуб медонанд, ки аз ҳаёт сахт дилшикаста шудаам. Духтари серхаридортарини маҳалаамон будам, ҳама шиносу ношинос орзуи маро келин кардан доштанд, вале андешаи хоми хешу ақрабои шавҳарам, ки марги хушдоман ва додаршӯямро ба пою қадами шуми мани наварӯс нисбат доданд, оқибат ба решаи бахти ман табар зад. Магар ман мехостам, ки азизони шавҳарам аз дунё гузаранд? Ҳаргиз! Риштаи маргу зиндагии одамизод дар дасти худованд аст, пас, чаро мо, одамон, ҳамдигарро дар сар задани нохушиҳо гунаҳкор менамоем?
Маликаи бадбахт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ