Дарди дили домоди кал
Ман, як ҷавони 29- сола имрӯз мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам. Гап дар сари як “мерос”-и аҷдодӣ меравад, ки ҳаёти маро талх гардонидааст.
Падарам ва бобову бобокалонҳоям ҳама тоссар будаанд. Сари кал аз онҳо ба ман мерос мондааст. Замони дар мактаби миёна хонданам бачаҳо маро “кали хунук” гуфта, мазоқу масхара мекарданд, баъди хатми мактаб бошад, мавриди тамасхури донишҷӯён қарор гирифтам. Ҳамкурсҳоям бовар намекарданд, ки ман нав мактабро хатм карда ба донишгоҳ дохил шудаам. Ошкоро дар рӯи ман мегуфтанд, ки ту аз мо 15-20 сол калон менамоӣ. Ба автобус савор шавам, ҷавонон дарав “ака, биёед шинед” гӯён, ба ман ҷой медоданд. Аз шарм замин намекафид, ки дароям…
Хуллас, вақти зангириам фаро расид, вале падару модарам бо нияти хостгорӣ дари даҳҳо хонаи духтардорро кӯфта бошанд ҳам, ба мақсад нарасиданд. Духтарҳои деҳа ҳамин, ки номи маро шуниданд, дарҳол доду фиғон мебардоштаанд, ки зани он кали хунук намешавам. Модари бечораам навмед шуда, рӯ ба шаҳр овард, аммо дар пойтахт низ муроди мо ҳосил нашуд. Одамони шаҳр нисбатан бомаданияттар ҳастанд, онҳо ошкоро “писаратон кал будааст” нагуфта бошанд ҳам, бо дидани акси ман дарҳол баҳона пеш меоварданд, ки духтарашон ҳанӯз хурд аст ё аллакай номзад дорад.
Кафшҳои падару модарам аз келинкобӣ дарида бошад ҳам, то ҳол ягон арӯси муносиб наёфтаанд. Якто-нимто духтардорон розӣ мешаванд, вале духтарҳояшон кар, кӯр ё шал ҳастанд. Ман ба ғайр аз сари калам дигар ягон айб надорам, чӣ хел зани инвалид мегирам?!
Синну солам аз зангирӣ гузашта истодааст, аз ҳамин сабаб бо умед ба “Оила” муроҷиат намудам, ки шояд бо воситаи ин ҳафтаномаи розшунав дари бахтам кушода мешавад. Дар байни хонандагони газета агар духтаре бошад, ки ба сурат не, ба сифати инсон дил бандад ва арӯси ман шавад, як умр ӯро тоҷи сар хоҳам кард!
Мирзошариф, хонандаи “Оила”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ