Дарди дили модари танҳо (Видео)

-Дар  Коллеҷи техникӣ  бачаҳои дигаронро мебинам, сумка дар даст ба дарс меоянд, ба  назарам писарони худам пеши рӯям  меоянд. Наход дар пеши Худо ҳамин хел гуноҳи азим карда бошам,  ки ба ман фарзанд диҳаду боз кашида гирад? Дар ҳаққи касе бадӣ ҳам накардааму ризқи касеро ҳам надуздидаам. Ин ҷазо барои кадом гуноҳам аст?…

Ин оҳу нолаи зани тақрибан 55 — сола буд, ки аз дидагонаш хун мечакиду ҷигараш  дар ҳаққи фарзандонаш  пора шуда буд.  Илова бар ин ҳукумати ноҳияи Варзоб қарори замини чандин сол пеш барояш ҷудошударо намедиҳанд…

         Қиссаи талхи модари “бефарзанд”

Чанд рӯз қабл ба редаксияи “Тоҷикистон” Сайригул Маҳназарова ном зане  омада, бо оби дида аз  ҳаёти сангинаш  қисса кард: «Ман панҷ фарзанд таваллуд кардам, вале ягонтоаш ҳамроҳам нест, ки лоақал якҷоя бо ман  нишаста хӯроки шом хӯрад. Ҳар бегоҳ  баъди паси сар кардани рӯзи пурмашаққат ба кулбаи фақиронаам бармегардам. Дар хона   касе нест, чор девори сарди хона гӯё  гирди  сарам чарх мезананд. Рӯзи дароз фаррошӣ карда,  бо дастони ба панҷшоха монандгаштаам хасу хошоки Литсеи техникиро ҷамъ мекунаму барои худ рӯзӣ меёбам. Баъдан ҳамаи пули коркардаамро хӯрока харида,  ба ягона писари дар қайди ҳаёт будаам, ки айни ҳол дар маҳбас  аст, бурда медиҳам».

         —Модарҷон, писарҳои  боқимондаатон дар куҷоянд?

         -Писаронамро хоки хунук кашида бурд… Ман чор писар ва як духтар доштам. Соли 2002 ду писарамро (дугоник) мошин пахш карду ҷон ба ҷонофарин супурданд. Писари хурдиям, ки забони гӯё надошт, дар 15 — солагияш дар  об ғарқ шуд. Тани беҷонашро баъди 9 рӯз аз об бароварданд. Ман модар ҳастам ва натавонистам, ки барои ёфтани сабаби маргаш ӯро ба ташхис фиристам. Охир чӣ хел, дидаву дониста иҷозат диҳам, ки тани беҷонашро боз пора карда, азоб диҳанд? То ҳоло намедонам, ки ӯро барқасд ба об тела карданд ё худаш афтидааст.

         Тақдири бад, ягона духтарамро ба дасти золим супурд. Ӯ тамоман сиҳату саломат буд. Аммо пас аз шавҳар кардан қувваи биноияш тамоман кам шуд. Ман намедонам, ки ӯро заданд ва ё чӣ коре нисбаташ раво диданд, ки акнун ӯ танҳо сиёҳиро аз сафедӣ фарқ мекунаду халос. То овоз набарорам, ҳатто маро намешиносад. Аз шавҳари золимаш якто писар дорад, ки он ҳам ноқисулақл аст. Ӯро ба интернати  барои маъюбон супоридаму духтарамро барои табобат бо духтари хоҳарам ба Маскав фиристодам. Хоҳарзодаам тамоми маблағи табобатро ба гардан гирифтааст. Акнун намедонам ӯ дар чӣ ҳол аст. Ба Маскав занг задан қимат. Ҳар боре худаш занг занад, аз ҳолу аҳволаш хабардор мешавам ва агар не, ба Худо месупорамаш.

Ягона фарзанди зиндаву солимам Мирзоғоибов Ҷурабек мебошад, ки он ҳам дар маҳбас умр ба сар мебарад. Ӯро дӯстонаш фиреб доданд. Ман намедонам ӯро чӣ хел ба доми худ дароварданд, ки имрӯза ҷони ҷавонашро  дар паси панҷараи маҳбас беҳуда гузаронда истодааст.

-Фарзандонатон нест. Худатон танҳо, дар куҷо зиндагӣ карда истодаед?

-Дар хобгоҳи Литсейи касбии техникӣ. Он ҷо ҷои ман нест. Аммо маҷбурам, зеро ҷои рафт  надорам.Чанд маротиба  директор маро пеш карданӣ шуд, аммо зорию таввалло кардам ва раҳмаш омаду  иҷозат дод, ки чанд вақти дигар истам. Аммо дилам ҳар лаҳза дар таппиш аст, ки имрӯз ё пагоҳ  маро пеш мекунанд.

-Агар мабодо пеш кунанд, ба куҷо меравед?

-Барои кумак ба  Кумитаи занон рафтам. Раиси кумита аз номи ман ариза навишту ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Варзоб фиристод. Аз раиси ноҳия дархост намуд, ки барои ман замин ҷудо кунанд. Раиси пешини ноҳия Назирзода Савзаалӣ ба манн  қитъаи замин ҷудо карда буд. Ҳатто ба як сарватманд супориш дод, то ба ман қуму сангу семент диҳад. Ӯ ҳам ба ҳаҷ нарафту кумак кард. Пойдевори хона ҳаст, аммо девор надорад ва рӯяш ҳам  пӯшида нашудааст ва  то ҳол  замин ҳам ҳуҷҷат надорад. Як сол боз даҳани дари ҳукумати Варзобро охурча кардам. Онҳо имрӯз мегӯянду пагоҳ. Кай қонунан  соҳиби замин мешавам, маълум нест…

  Боз ҳам рухсораҳои Сайригулро оби дида тар мекунад ва давоми суханаш дар гулӯяш дармемонад. Аз як тараф бахти бади аз фарзандон нодида ва аз тарафи дигар надида гирифтани мушкилоти ӯ аз ҷониби  ҷомеаи “инсондӯст”-и мо ин занро дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон монондааст. Ку роҳбаре. Ку раҳнамое, ки аз дасти ӯ гираду  гӯяд:

-Хаста набош ва ғам нахӯр,ки мо бо туем…

Саодат Розиқзода,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *