Дардошнои мардум. Ёде аз корманди ҳизбию давлатӣ Тошбибӣ Ғуломова

Дар ҳаёт исонҳое ҳастанд, ки тамоми вуҷуду ҳастии худро ба рушду ободии кишвар мебахшанд, манфиатҳои миллату давлатро аз хостаҳову орзуҳои шахсии хеш боло мегузоранд. Онон гӯë маҳз баҳри пешрафту гулгулшукуфии Ватан офарида шудаанд. Яке аз чунин шахсон ходими ҳизбию давлатӣ, бонуи пурғайрат Тошбибӣ Нуралиевна Ғуломова буд.

Тошбибӣ Ғуломова дар қаламрави вилояти Кӯлоб ва хоса ноҳияи Восеъ маъруфу машҳур гардида буд ва то ҳол ӯро ҳамчун зани оқилаву доно ва дар ҳалли мушкилоти мардум кушо ёд мекунанд. Зеро ин бону бо қобилияти волои сарварӣ, донишу чаҳонбинии пешрафта, азму иродаи қавӣ ва руҳи тавоно аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шуруъ карданаш назди худ мақсад гузошт, ки баҳри зиндагии шоистаи мардум талош хоҳад кард.

Қобилият ва заковату фазли зотии ӯро ба эътибор гирифта, соли 1969 ба вазифаи раиси шаҳраки Восеъ таъинаш намуданд. Тошбибӣ Ғуломова панҷ сол дар ин вазифа садоқатмадона заҳмат кашида, баҳри ободию пешрафти шаҳрак аз тамоми шароиту имконот истифода кард. Бо талоши ӯ дар як муддати кӯтоҳ симои шаҳрак ба куллӣ тағйир ёфт. Роҳҳо фарох, кӯчаҳо зебову тоза, гулгаштҳо бунёд гардиданд. Тошбибӣ субҳи барвақт озими деҳаҳо гардида, бо мардум вохӯрдаву суҳбат меорост. Дар хонадони онҳо меҳмон шуда, як пиёла чояшонро нӯшида, аз вазъи зиндагиашон аз наздик шинос мешуд. Ба онҳо таъкид мекард, ки аввалқадам аз пайи тарбияи неки фарзандон гардида, дар ин бобат саҳлангорӣ накунанду ба бепарвоӣ роҳ надиҳанд. Зеро беназоратии фарзандон ва саҳл гирифтани тарбияи онҳо фардо бори гароне бар дӯши волидон ва ҷомеа хоҳад шуд.

Соли 1972 вазифаи муовини раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Восеъро ба Тошбибӣ Ғуломова бовар карданд. Ӯ бо ҳамон истеъдоди фитрӣ, донишу заковат ва фаҳмишу дарки баланди худ муддати чор сол дар ин вазифаи пурмасъулият фаъолият карда, корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Масоили иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маишати мардум, беҳтару самарабахш гардонидани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш ва пайваста ғамхорӣ зоҳир намудан ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амсоли ин аз корҳое маҳсуб меёфтанд, ки ҳалли мусбати онҳо ба пешрафту беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат мекард. Ва хушбахтона, Тошбибӣ Нуралиевна аз уҳдаи ҳаллу фасли тамоми масоилу мушкилот бо сарбаландӣ мебаромад. Бонуи донову дилсӯз аз худ иқдомоти ватандӯстона зоҳир намуда, дар деҳаҳои калони ноҳияи Восеъ маърака ё чорабинеро бо номи «Иди деҳот» ташкил ва роҳандозӣ намуд, ки ҳадаф аз он ободу зебо гардонидани манзилҳои зист (ороишу рангубор ва сафед кардани хонаҳо ва деворҳои ҳавлиҳо), ба ҷавонзанон омӯзонидани тарзу шеваи пухтани таомҳои миллӣ ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ба шумор мерафт. Дар он айём баргузор намудани озмунҳое аз қабили «Кадбонуи беҳтарин» воқеан аз қобилиияти ташкилотчигии Тошбибӣ Ғуломова шаҳодат медиҳад.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар давраи дар вазифаи муовини раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Восеъ фаъолият кардани Тошбибӣ Ғуломова дар ноҳия ва ҷамоатҳои он сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, беморхона ва муассисаҳои нави таълимӣ вусъат ёфта, бонуи масъулиятнок ба корҳои таълиму тарбия ва мактабҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард.

Боре Тошбибӣ Нуралиевна маро ҷеғ зада гуфтанд, ки аз ҷониби котиби якуми комитети ҳизбии ноҳия супориш шудааст, ки барои сари вақт ва бе талаф ғундоштани пахта бояд тамоми занону бонувони хонашинро, ки имкону шароити ба саҳро баромадан ва дар иҷрои накшаи пахтасупорӣ саҳм гузоштанро доранд, сафарбар намоем. Ман дар баробари котиби кумитаи комсомолии ноҳия, ҳамчунин, узви бюрои кумитаи ҳизбии ноҳия ва депутати ноҳиявӣ будам. 

— Корамон басо масъулиятнок аст. Мо бояд шаҳракро давр зада, рўйхати занонеро, ки кӯдаки хурдсол надоранд, тартиб дода, онҳоро ба колхози ба номи Томин, ба пахтачинӣ сафарбар намоем,- гуфтанд Тошбибӣ Нуралиевна.

Воқеан, иҷрои ин супориш мушкил буд. Аксари занони хонашини шаҳрак ҳамсари «калоншавандаҳо» буданд ва табиист, ки ба саҳро баромадаву аз субҳ то шом дар зери офтоби сӯзон пахта чидан намехостанд. Бо вуҷуди он ки шавҳаронашон хоҳиш мекарданд, ки ҳамсаронашонро номнавис накунем, Тошбибӣ Нуралиевна ҳамаро ба пахтачинӣ сафарбар намуд. Ҳамон сол мо плани пахтаро пеш аз муҳлат иҷро кардем…

Соли 1978 дар пленуми кумитаи ҳизбии ноҳия Тошбибӣ Ғуломоваро котиби кумитаи ҳизбии ноҳия таъйин намуданд. Маро бошад, муовини раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳия интихоб карданд. Вазифаҳои нав ба дӯши мо масъулияти зиёдеро вогузор кард. Бемуҳобо, дигар на шаб хоб доштему на рӯз. Дар ҳалли масоилу мушкилоти ину он соҳа зуд-зуд бо ҳамдигар вохӯрда, маслиҳату машварат мекардем. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ки «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд». Мо, воқеан, мисли апаву хоҳар будем ва меҳру самимият, садоқату дилсӯзии Тошбибиро то ҳол фаромўш карда наметавонам. Давоми солҳои мазкур Тошибибӣ Ғуломова соҳиби ду писару ду духтар шуд ва ман соҳиби чор духтар гардидам…

Рӯзе Котиби аввали кумитаи хизбии ноҳия, шодравон Неъмат Сулаймонов ману Тошбибиро ба дафтари кораш хонда гуфт, ки дастаи ҳунарии «Чашма»-и колхози ба номи Ленин, ки ба он Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев сарварӣ мекарданд, дар озмуни байналмилалии «Театрҳои халқӣ-этнографӣ», ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша баргузор мегардад, бояд ширкат кунад.

— Тамоми роҳу шеваро истифода карда, бо кӯшишу ҷаҳди шабонарӯзӣ дастаи ҳунармандони «Чашма»-ро ба ин озмун омода бояд кард,- дастур дод Сулаймонов.

Супориш воқеан масъулиятбору ҷиддӣ буд, нерую заҳмат ва талошу азми бепоёнро тақозо мекард. Аз ин рӯ, мо нахуст бо корманду мутахассисони бахши фарҳанги ноҳия ва колхози шуҳратёри ба номи Ленин мулоқот анҷом дода, машварату маслиҳат намудем. Рӯйхат тартиб дода, ба он беҳтарину боистеъдодтарин навозандагону ҳунармандон ва овозхонону раққосаҳоро шомил намудем. Албатта, масъала дар сатҳи ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, аз аҳамияти бузург бархӯрдор буд. Бо ин мақсад, барои ба саҳна гузоштани саҳнаҳои пурмуҳтаво, намоиш додани урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, аз ҷумла тӯйи тоҷикӣ ва ҷашни Наврӯз, муаррифии таомулу сунатҳои идона ва ғайра талош кардем. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ тавр ҳунарманди маъруфу шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон Ғаффор Валамтзода бо эҳсосу ҳаяҷон бо ҳунармандон тамрин мекард.

Хушбахтона, талошҳои мо самар овард ва “Чашма” (роҳбараш шодравон Қурбоналӣ Раҳмон) аз Полша бо Шоҳҷоиза — “Табари тилоӣ” баргашт. 

Тошбибӣ Ғуломова на танҳо роҳбари оқилу доно ва фарзона, балки бонуе буд ҳалиму меҳрубон ва нармгуфтору хушсуҳбат. Касе, ки ба қабулаш меомад, бо чеҳраи хандон пешвоз гирифта, арзашро гӯш мекард ва аз пайи ҳалли он мешуд.

Тошбибӣ Ғуломоваро баъдан ба вазифаи раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Восеъ таъйин намуданд. Ӯ дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият намуд. Баъдан, дар Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дошт. Дареғу ҳайф, ки умраш кӯтоҳ будааст. Дар сини 54-солагӣ аз олам даргузашт.

Мардуми ноҳияи Восеъ имрӯз Тошбибӣ Нуралиевнаро ба некӣ ёд ва дар бораи хизматҳои мондагораш нақл мекунанд, ки барои насли наврас ва ҷавонон ибратомӯз мебошад.  

Адолат РАҲМОНОВА,

ходими давлативу ҷамъиятӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *