Даргириҳо дар наздики марзи Тоҷикистон: ҳудуди 30 низомии афғон кушта шуд
Бар асари ҳамлаи неруҳои Ҷунбиши Толибон ба ниҳодҳои амниятию низомии Афғонистон дар шимоли ин кишвар ҳадди ақал 30 низомӣ ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси шӯрои вилояти Кундуз, аз ҷумла, дар ноҳияи Дашти Арчии ин вилоят 10 афсари неруҳои давлатӣ кушта шуда ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Тахор, ки бо навоҳии Фархору Панҷи Тоҷикистон ҳаммарз аст, миёни неруҳои давлатӣ ва Толибон даргирҳои шадид рух дода ва дар натиҷа, 17 нафар аз неруҳои давлатӣ кушта шудаанд.
Дар вилояти Балх низ бар асари як ҳамла ба дидбонгоҳи неруҳои давлатии Афғонистон 9 низомӣ ҷон бохтаанд.
Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамалотро ба ӯҳда гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ