Даргузашт роҳбари дастгоҳи Конибодом аз коронавирус

Ҷалилӣ Абдувоҳид Карим, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом дар синни 42-солагӣ аз дунё даргузашт.

Як манбаъ аз Конибодом ба pressa.tj хабар дод, ки номбурда аз бемории коронавирус даргузашт.

Чалилӣ Абдувоҳид Карим 2 марти соли 1978 дар деҳаи Қарақчиқум, ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаи №29 ба номи С.Айнии ноҳияи Конибодомро соли 1995 хатм намуда, хамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба факултаи «Ҳуқуқшиносӣ» дохил гашта, донишгоҳи мазкурро соли 2001 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2002 ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ оғоз кардааст. Бо Фармони Раиси шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.09.2002с. таҳти №96 ба вазифаи иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Сипас бо пешниҳоди раиси шаҳри Конибодом 31.01.2009 сол ба мансаби раиси ҷамоати деҳоти А.Лоҳутии шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Фаъолияти кории худро дар ҷамоати деҳот давом дода, 30.07.2011 бо Фармони сардори хадамоти муҳоҷирати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси гузаргоҳи «Патар»-и шаҳри Конибодом таъин гардид. Сипас 02.02.2014с. аз мансаби ишғолнамуда бо хоҳиши худ аз вазифа озод гаштааст. Бо Амри раиси шаҳри Конибодом муваққатан мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Раиси шаҳр таъин шудааст.

Аз 16.11.2015 сол то инҷониб дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом фаъолият дошт.

Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *