Даргузашти Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад — дипломати тоҷик
Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад Зуҳурзода, дипломати собиқадори тоҷик, рӯзи 11 декабр баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 12 декабр пеш аз намози пешин дар масҷиди Имоми Аъзам дар маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе доир шудааст.
Ҳоҷӣ Сангмуҳаммад Зуҳурзода дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, шуъбаи форсии риштаи машҳури шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд ва солҳои тӯлонӣ ба ҳайси тарҷумон, рӯзноманигор, омӯзгор фаъолият карда, дар солҳои 90 ба вазорати хориҷа ба кори дипломатӣ омад. Ӯ ба ҳайси мушовир ва консул дар Афғонистону Эрон кор кард.
Аз дипломатҳои таҷрибадор ва ҳирфаии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, яъне як шахсияти сиёсӣ ва бонуфуз буд. Аммо касе такаббур ва ғурури ӯро надидааст. Дасткушоду сахӣ ва бонамак буд. Баъди бознишаста шудан дар ҳавлияш ба зироату боғдорӣ машғул буд. Дӯстонро ба хонааш зиёд даъват мекард ва суҳбатҳои ширине дошт
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ