Даргузашти ҳунарманди шинохта Раҷаб Ҳусейнов дар Русия
Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳунарманди шинохтаи тоҷик Раҷаб Ҳусейнов дар синни 81-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора ҳунарпешаи театр ва синамо Хуршед Мустафоев дар саҳифаи фейсбкии худ хабар дод.
Зиндагинома
Раҷаб Ҳусейнов 15 августи 1941 таваллуд шудааст. Соли 1964 Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи ш. Тошкандро хатм намуда, дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ то соли 1998 ба сифати актёр ҳунар озмуд, аз соли 1998 актёри Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский мебошад. Дар қариб шаст спектакл, аз қабили «Гамлет», «Шаби гирифтани моҳ», «Рустам ва Сӯҳ¬роб», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанон», «Маро тарк макун», «Сарбозони инқилоб», «Шаби охирини Суқрот» нақшҳои хотирмон бозидааст.
Вале ҳунараш дар кино бештар зуҳур кардааст, дар «Тоҷикфилм», киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. «Қиссаи зиндони Павиак», «Чор дарвеш», «Ситораи Улуғбек», «Ҷумъаи ҳафтум», «Хӯҷаини об», «Робита», «Субҳи Ганг», «Тӯфон дар водӣ», «Ман — сарҳад», «Гаравгонон», «Сарҳади ором», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Себ аз ҷаннат», филми бисёрқисматаи телевизионии «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки номбурда дар онҳо образҳои гуногун офаридааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ниҳоят калон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ