Даргузашти ҳунарпеша Латофат Барзиева — иҷрокунандаи нақши хушдоманҳои золим

Актрисаи шинохта, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Латофат Барзиева аз олам даргузашт. Марҳум 74 сол дошт ва солҳои охир дар Театри “Аҳорун” фаъолият мекард.

Ба гуфти ҳамкоронаш, марги Латофат Барзиева ногаҳонӣ будааст, зеро актриса бемор набуд ва чанде пеш дар спектакли “Ишқ ва қурбониҳояш” ба саҳна баромада буд.

Ҳунарпеша Латофат Барзиева 20-уми майи соли 1948 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Соли 1973 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолияташро шуруъ намуд ва бо силсилаи нақшҳои офаридааш худро ҳамчун актрисаи бомаҳорат муаррифӣ кард. Образҳои офаридааш аз рӯи хислату амалиёт фарқ доранд, лекин умумияташон иҷрои самимии онҳо аз сӯи ҳунарпеша мебошад. Дар бисёр намоишномаҳо нақшофарӣ кард ва бо талошу омӯзиши пурсаброна симои қаҳрамононашро пурра мекушод.

«Мирзо Ризо», «Муфаттиш», «Фелисяна», «Камбағалӣ айб нест», «Қуллаи Фудзияма», «Хатро ман навишта будам», «Роҳзан ва кӯзагар», «Шоҳ Эдип», «Шоҳ Лир», «Синдбоди дарёгард», «Зебуниссо», «Дӯсти ман — душмани ман», «Умари Хайём», «Парвози Шоҳин», «Бист дақиқа бо фаришта», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Бой ва хидматгор», «Раъду барқ», «Ҷияни хира», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Моҷаро дар Кёза», «Дохунда», «Интизорӣ», «Парвози Сабзабаноз» аз ҷумлаи спектаклҳоеянд, ки истеъдодаш дар онҳо ҳувайдо гардидааст. Дар бисёр намоишномаҳои кӯдакона низ ҳунар озмудааст.

Латофат Барзиева дар филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ низ нақшҳои ҷолиб офаридааст. Бештар нақшҳои ҳаҷвӣ иҷро мекард. Ӯро солҳои охир ҳамчун иҷрокунандаи нақши хушдоманҳои золим шинохта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *