Даргузашти Ҳушанги Ибтиҳоҷ — яке аз саромадони шеъри форсӣ
Қалби яке аз саромадони шеъри форсӣ ва аз шоирони бузурги Эрон Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ аз тапиш монд.
Ҳушанг Ибтиҳоҷ соли 1928 дар шаҳристони Рашт (дар шимоли Эрон) чашм ба ҷаҳон кушод ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш ба Теҳрон меравад. Ӯ бо тахаллуси Соя ба эҷод пардохта буд ва ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои «Нахустин нағмаҳо», «Сароб», «Сиёҳмашқ», «Шабгир», «Замин», «Чанд барг аз ялдо», «Сиёҳмашқи 1, 2, 3», «Ойина дар ойина», «Ёдгори сарви хун», «Девони ашъор» гирд оварда шуда, аз беҳтарин намунаҳои барҷастаи шеъри муосири форсист. Ӯ 94 сол дошт.
Ӯ гуфта буд: “Замоне буд, ки ман ҳанӯз душману дӯсти худро нашинохта будам, ҳанӯз ошиқи бузургамро наёфта будам, бо дигарон месӯхтам, аммо шеъри ман сароб буд ва дар поёни он рӯзгор навиштам: ба ҳангоме ки хурӯши хашму фарёди дард дар пардаи дили ту меовезад, ман барои дилам, барои ишқи беморам овоз хондаам, ҳангоме, ки чеҳраҳои зарду шикастаи ҳаммеҳанони ман бо ашку хун оғӯшта мешавад, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва руъёҳои худ шеър сурудаам. Шеъри ман ҳамчун нолаи шаб овози андуҳу парешонӣ ва шикаст шудааст ва ман дигар намехоҳам, ки чунин бошад. Ман овози хешро дар ин дили танг сар хоҳам дод ва ин орзуро, ки саргузашти ранҷу разми пуршукуҳи инсонҳост, аз миёни ҳисорҳои вайрони шаби хунолуд ба гӯши дуртарин ситораи бедори осмон хоҳам расонд ва чунин кардам”.
Ӯ дар қатори ғазалсароёни бузурги муосири Эрон ҳамчун Шаҳриёр, Имоди Хуросонӣ ва Симини беҳбаҳонӣ қарор мегирад, ки бо навоварии худ дар байни форсизабонони олам мақоми хосаеро пайдо намудаанд. Дар Тоҷикистон низ ӯ хонандагони зиёд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ