Даргузашти Қаҳҳор Ҳасанов

Рӯзи 1 феврал дар ҷамоати Патари Конибодом ҷанозаи арбоби намоёни давлатӣ Қаҳҳор Ҳасановро ба хок супурданд. Қаҳҳор Ҳасанов, ки дар замони Шӯравӣ дар мақомҳои баланде, чун котиби аввали комсомоли Тоҷикистон ва котиби якуми ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод кор кардааст, шоми 31 январ дар синни 91 аз олам чашм пӯшид.

Қаҳҳор Ҳасанов 15 июли соли 1927 дар Конибодом ба дунё омада, собиқаи кориашро дар синни 15 ҳамчун ҳаммол дар корхонаи пахта сар кардааст. Ӯ соли 1947 ба кори комсомол (ЛКСМ – қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими коммунист) гузашт ва алакай соли 1951 ба мақоми котиби якуми комсомол (ЛКСМ)-и вилояти Ленинобод расид.

Қаҳҳор Ҳасанов солҳои 1954-1957 дар Мактаби олии Кумитаи марказии КПСС дар Маскав таҳсил кард ва баъди бозгашташ аз Маскав котиби якуми комсомоли Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ соли 1965 ба мақоми котиби якуми ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод расид ва соле баъд раиси Кумитаи давлатии таҳсилоти касбиву техникии Тоҷикистон таъйин шуд.

Баъди 21 соли кор дар риштаи маориф Қаҳҳор Ҳасанов соли 1986 мудири шуъбаи 10-уми Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд ва соли 1991 ба нафақа рафт. Қаҳҳор Ҳасанов баъди бознишаста шудан аз Душанбе ба зодгоҳаш – Конибодом баргашт ва аз соли 1999 роҳбарии Шӯрои собиқадорони Конибодомро бар уҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *