Даргузашти Абдуллоев, ки дар Кӯлоб худро оташ зад

Зариф Аблуллоев, сокини 62- солаи Кӯлоб, ки дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб худро оташ зада буд, 8-уми июл дар беморхона даргузашт.

Зариф Абдуллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдор мебошад, ки 6-уми июн худашро дар назди бинои Раёсати молия аввал кор зада, баъдан оташ зада буд.

Аз бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд, ки Зариф Абдуллоев соати 11 ба ҳуш наомада, фавтид. Ба гуфтаи масъулони бемористони вилоятӣ 90 дарсади бадани Зариф Абдуллоев сӯхта буд ва то имрӯз зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор дошт.

Гуфта мешавад, ки Абдуллоев бо Раёсати молияи Кӯлоб ҳамкорӣ доштааст ва муассисаҳои томактабии Кӯлобро бо маводи ғизоӣ таъмин мекард.

Ду моҳ пеш ӯ муфлис мешавад ва Раёсати молия пуле, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнамегардонад. Аз маълумоти расида, Идораи молия гуё ба ӯ ваъда додааст, ки таъминотро аз ҳисоби худ анҷом диҳад ва баъдан пулашро медиҳанд. Ӯ аз пули қарз ин коррро мекунад. Борҳо ба Раёсати молия меояд, вале барояш пул барои сарфу харҷи боғчаҳо пешбинишударо намедиҳанд. Шоҳидон гуфтанд, ки аз дари Идораи молия берун мешавад. Аввал бо якчанд зарби корд худашро захмӣ мекунад ва баъдан худашро оташ мезанад.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *