Даргузашти адабиётшинос ва устоди ДМТ Муртазо Зайниддинзода

Дирӯз, 5-уми октябр, соати 18:30 дақиқа дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 2, маъруф ба «Медгородок» қалби яке аз устодону олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муртазо Зайниддинзода дар синни 65-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Бино ба иттилои наздикони устод Муртазо Зайниддинзода, ҷаноза имрӯз, 6-уми октябр дар зодгоҳи марҳум — деҳаи Ворухи шаҳри Исфара соати 13:00 баргузор мегардад.

Тарҷумаи ҳол

Зайниддинзода Муртазо (Мухтадо) 3-юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1987 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» дифоъ намудааст. Соли 2009 барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»; соли 1998 «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; соли 2010 «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ» гардидааст. Муаллифи китобу дастурҳои «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), (бо ҳаммуалифӣ) «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016). Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11» (2001). Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 1993-1996 муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ оид ба корҳои таълим ва тарбия; солҳои 1999 — 2001 Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; солҳои 2001 — 2002 муовини Сардори қисми таълими ДДМТ. Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти меҳнатиашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта то соли 2008 ба сифати сардори Идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2008 — 2011 декани факултети журналистикаи ДМТ; аз соли 2013 то 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ. Узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия; узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *