Даргузашти адиб ва журналист Аюб Кенҷа
Имрӯз нависанда ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аюб Кенҷа дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.
Аюб Кенҷа бародари Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев буд. Марҳум солиёни дароз дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ”, “Ҳақиқати Ленинобод”, “Паёми андоз”, “Шуълаи умед” ва Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи советии тоҷик” фаъолият кардааст. Муаллифи 15 китоби насриву публитсистӣ аст.
Тибқи иттилои пайвандон ҷанозаи Аюб Кенҷа имрӯз, 2 декабр соати 16.00 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мазори Ҳадироҳ (суроғаи хона: Хистеварз, кӯчаи Саидов, 23) баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ