Даргузашти Алимурод Исломзода
6 ноябри соли равон директори КВД «Хоҷагию манзилии коммуналӣ» Алимурод Исломзода дар синни 63-солагӣ тарки ин дунё кард.
То ҳанӯз духтурон сабаби марги Алимурод Тағо Исломзодаро аниқ карда натавонистаанд. Пеш аз марг аҳволи ӯ бад гашта, «ёрии таъҷилӣ» ҷеғ заданд. Исломзода ба беморхона нарасида, дар роҳ ҷон дод. Бар замми ин, наздикони марҳум иброз карданд, ки Алимурод Исломзода ягон беморие надошт.
Алимурод Исломзода роҳбарии КВД «Хоҷагию манзилии коммуналӣ»-ро 8 сол бар зимма дошт ва дар ин муддат дар рушди соҳаи хоҷагию коммуналии кишвар саҳми бориз гузоштааст.
Аҳли эҷоди ҳафтномаи «Тоҷикистон» ва хонандагони сомона аз даргузашти ин марди шариф ва мутахассиси касбии хоҷагии коммуналии кишвар андӯхгин буда, ба нздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ