Даргузашти аввалин режиссёрзани тоҷик Марворид Қосимова

4 июн дар шаҳри Минск аввалин режиссёрзани тоҷик Марворид (Маргарита) Қосимова аз олам даргузашт. Марҳум 86 сол дошт.

Дар бораи марги Марворид Қосимова киношинос Тиллои Некқадам ба Pressa.tj хабар дод.

Марворид Қосимова солҳои 90-ум дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва беш аз 30 соли охир дар Белорус зиндагӣ мекард. Ӯ дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст. Ҳамчунин, ба фаъолияти педогогӣ машғул шуда, режиссёрони ҷавонро тарбия намудааст.

Маълумотнома

Марворид Қосимова 10 апрели 1938 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.  Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро соли 1962 ба итмом расонда, қариб сӣ сол дар «Тоҷикфилм» ба сифати коргардон заҳмат кашидааст.

Ҳангоми донишҷӯӣ (соли 1959) филми ҳуҷҷатии «Қалби яқини Помир»-ро таҳия кард, ки писанди умум афтод. Минбаъд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиии зиёде таҳия намуд.

Филмҳои бадеиаш — «Тобистони соли 43-юм», «Ҷӯра-Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд-набуд, дар синфи якум буд», «Имрӯз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол» дар кинои тоҷик ҷои хос доранд.

Дар “Белорусфилм” бошад, филмҳои “Аз воздам” (1993), “Сын за отца” (1995), “Маленький боец” (1998),  “Зорка Венера” (2000),  “Бальное платье” (2003),  “Глубокое течение” (2005), “Соблазн” (2006)-ро сабт намуд. 

Филмҳои ҳуҷҷатии «Бародари ман Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо», «Сарчашма», «Саҳифаҳои албоми куҳна», «Кишвари ман», «Роҳи баробари умр», «Бо роҳи охирин», «Фарёд», «Роҳи сафед» ва ғайраҳо низ маҳсули фаъолияти ӯ дар “Тоҷикфилм” ҳастанд.

Марворид Қосимова  дар филмҳои “Ҷура Саркор” (1969), “Чор нафар аз Чорсанг” (1973), “Ишки аввали Хоҷа Насриддин” (1977), «Буд-набуд, дар синфи якум буд» (1978), “Ҷинояткорон ва адвокатҳо” (1981), “Имрӯз ва ҳамеша” (1982), “Ман ба вай писандам” (1985) ҳамчун актриса нақшҳои хурду бузург офаридааст. 

Марворид Қосимова барои хизматҳояшон бо унвони Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1976). Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1982) ва Грамотаи Фахрии Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Беллорус (2004), медали Франсиск Скорин (2008) ва Ордени Франсиск Скорин (2015) қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *