Даргузашти Бурҳон Сафарӣ
Бурҳон Сафарӣ, хабарнигори шинохтаи тоҷик шаби 25 май дар сини 55 солагӣ аз дунё даргузашт.
Ӯ оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар вилояти Хатлон аввалин телевизион ва нашрияи хусусии “Ҷоми Ҷам”-ро таъсис дода буд.
“Ҷоми Ҷам” пас аз нашри 8 шумора баста шуд ва Бурҳон Сафарӣ Тоҷикистонро тарк кард. Ӯ замони фирор дар Русия бо нашрияҳои русӣ ҳамкорӣ мекард.
Ба гуфтаи наздиконаш вай тайи ду моҳи охир аз бемории ҷигар ранҷ мебурду табобатҳо ҳеҷ беҳбудие намебахшиданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ