Даргузашти донишманд ва ҷарроҳи шинохтаи тоҷик
Донишманд ва пизишки шинохтаи тоҷик Саидшо Акрамов имрӯз, 21-уми май дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Наздикони марҳум даргузаштанашро аз сактаи қалб унвон карданд, аммо вуҷуди коронавирус дар устод низ ба ин боис гаштааст.
Бояд гуфт, чанде қабл хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани ин табиб дар беморхона пайдо шуда, гуфта мешуд ӯ аз бемории коронавирус ранҷ мекашад.
Саидшоз Акрамов 27 апрели соли 1948 дар дезаи Виткони Кўҳистони Мастчоҳ дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1965 ба Донишгоњи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1971 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта яке аз аввалин ҷарроҳони ноҳияи Мастчоҳ шуда, фаъолиятро оғоз намуда, то ба имрўз шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Дар ин муддат ба ҳайси мудири шуъбаи “Ҷарроҳии урология ва травматология”, ёрдамчии сардухтор кор кардааст.
Саидшоҳ Акрамов дар баробари табиби варзидаву нотакрор будан, ба адабиёти тоҷик хусусан ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, аз адабиёти Ғарб аз Нитшеву Кафка, Сорту Камю огаҳии зиёд дошта, абёти зиёде аз осори Мавлонои Румро ҳифз намудааст.
Марҳум то имрўз раиси Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳияи Масчтоҳро ба уҳда дошта, намояндаи фаъоли «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-ПАЙВАНД» дар вилояти Суғд мебошад.
Мақолаҳои илмиву оммавии Саидшоҳ Акрамов дар маҷаллаву рўзномаҳои ҷумҳурӣ мунтазам нашр мешуд. Муаллифи зиёди аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ