Даргузашти генерал Ғайратшозода

Генерал Зиёратшо Ғайратшозода, собиқ сардори Раёсати адлияи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дирӯз 25-уми июн дар синни 63 – солагӣ аз олам дагузашт. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре манбаъ аз забони бародарзодаи марҳум Масрур Ғайратшозода, иттило медиҳад, мавсуф пас аз анҷоми хизмати давлатӣ  барои истироҳат ба зодгоҳаш омад, аз сиҳатиаш шикоят надошт, аммо се рӯз қабл баногоҳ бемор шуда вафот кард:

“Пас аз доруву дармон ба по шуд ва берун ҳам мебаромад. Дирӯз, 25 июн, тақрибан соатҳои 6 ба ман занг зад, ки биё, мазаам нест. Бо иттифоқи пизишкон ба ҳузураш рафтам, аммо на дору кӯмакаш кард, на сӯзандорӯ. Дар гузашта як бор соли 2005 инфаркт гирифта, соли 2018 низ дилаш се дақиқа аз кор монда буд. Хулоса, як соат нагузашта, дилаш аз кор монд”, — гуфт Масрур Ғайратшозода.

Ғайратшозода Зиёратшо Пирумшо 15 апрели соли 1957 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро хатм кардааст.

Моҳи июни соли 1978 ба фаъолиятҳои расмии худ шурӯъ карда, то соли 1990 навбатдори фаврӣ ва муффаттиши шӯъбаи корҳои дохилӣ ва иҷрочии суди ноҳияи Ванҷ буд.

Баъдтар дар вазифаҳои ёрдамчии калони прокуратураи шаҳрҳои Хоруғу Душанбе ва прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ (1990-1998), судяи Суди шаҳри Хоруғ (1998-2000), сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Ванҷ, сардори шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ВМКБ ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ (2005-2015) кор кардааст.

Соли 2015 Зиёратшо Ғайратшозода сардори Раёсати адлияи ВМКБ таъин шуд. Соли 2018 бо амри президенти Тоҷикистон рутбаи хизматии генерал-майори адлияро ба даст овард.

“Ӯ бо хоҳиши худ аз мансабаш канор рафт. Мехост истироҳат кунад ва дар ҷамъи пайвандону дӯстон бошад. Мегуфт, ёддоштҳояшро хоҳад навишт. Аммо насиб накард”, — гуфт бародарзодааш Масрур Ғайратшозода.

Генерал – майор Зиёратшо Ғайратшозода бегоҳии 25 июн дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *