Даргузашти Искандар Асадуллоев

Имрӯз, 16 августи соли 2018, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, ходими намоёни ҷамъиятӣ Искандар Асадуллоев баъди бемории тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Искандар Асадуллоев 26 марти соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, унвони номзади илми фалсафаро дифоъ намуд. Сипас ба ҳайси дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикимстон фаъолият намуд. Муддате хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ» буд ва созмони ғайридавлатии Маркази иттилотию тадқиқотии «Симурғ»-ро таъсис дода, ба он роҳбарӣ намуд.
Аз моҳи июли соли 1996 ба ҳайси ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1998 ба симати директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кард. Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи январи соли 2007 вазифаи сарходими илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Соли 2003 рисолаи доктории худро бомуваффақият дифоъ намуд. Унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро сазовор шуд ва узви Созмони байналмилалии Гегел ва узви Феҳристи Гегели Олмон буд.
Искандар Асадуллоев яке аз олимони маъруфи соҳаи фалсафа, таъриху ҷомеашиносии кишварамон ба шумор меравад. Муаллифи даҳҳо китобу мақолаҳои арзишманд мебошад. Вай консепсияи минтақаҳои марзӣ ва назарияи мавҷудияти бист категорияи нави фалсафиро тарҳрезӣ намудааст. Дар корҳои илмию тадқиқотии вай проблемаҳои геополитика, фалсафаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. ӯ доир ба масоили муҳими муосир борҳо дар конфронсҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ суханронӣ кардааст. Чанд кори илмию тадқиқотии Искандар Асадуллоев ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин, ба қалами вай намоишномаи ҳаҷвии «Ишқи ман– демократия», маҷмӯаи ҳикматҳо ва шеърҳо тааллуқ доранд.
Бояд гуфт, ки Искандар Қурбонович Асадуллоев яке аз роҳбарони арзандаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. ӯ тавонист дар байни кормандон муҳити хоси кориро ба вуҷуд оварад, ки ин ҳосили истеъдоди хос ва вусъати ҷаҳонбинии васеи вай буд. Вай чун шахси ҳадафманду дорои маълумоту дониши олӣ дар корҳои илмӣ-тадқиқотии пешниҳоднамудаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро воқеъбинона ва беғаразона инъикос менамуд.
Искандар Асадуллоев дар чорабиниҳои гуногун: конфронсҳо, мизҳои гирд, семинарҳо ва дигар нишастҳо фаъолона ширкат меварзид, масъалаҳоро ба таври воқеъбинона арзёбӣ менамуд, ки барои корманди Маркази мо намунаи ибрат буд. Дар хислати ӯ махсусан, амалгароӣ ва маҳорати созиш додани тарафҳои бо ҳам муқобил арзишманд буд. Маҳз дар давраи роҳбарии вай дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти ҷавобгӯ ва созгор бо суръати қарни XXI анҷом мегирифт, ки имрӯз низ ҳатто берун аз ҳудуди кишвари мо дорои аҳамиятанд. Чун роҳбар андешаю тафаккури мустақилона дошт, метавонист ба чизи нав зуд пай барад, онро дастгирӣ созад ва роҳҳои самараноки иҷрои вазифаҳои ба уҳдаи Марказ гузошташударо ҷустуҷӯ намояд.
Махсусан, бояд тамоюли Искандар Асадуллоевро ба корҳои эҷодӣ, адабӣ, мавзӯъҳои таърихӣ, таърихию сиёсӣ таъкид намуд, ки дар бораи он бо мо–ҳамкорон машварат менамуд ва ҳамаи ин ба ин ё он шакл ба рушди касбии ҳар кадоми мо мусоидат мекард.
Искандар Асадуллоев ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард, то ин ки дар онҳо рӯҳияи эҷодкорӣ, дарки таҳаввулоти сиёсию иқтисодии кишвар ташаккул ёбад. Вай ҷавононро ҳамеша даъват мекард, ки дар ҳаёти иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ фаъолона ширкат варзанд, сатҳи донишу малакаи худро такмил диҳанд, то созандагони арзандаи ояндаи Ватан шаванд.
Дар охир ба аҳли хонаводаи марҳум, наздикону дӯстон ва ҳамкорон нисбати даргузашти Искандар Асадуллоев ҳамдардии амиқ изҳор менамоем. Хотираи неки ӯ ҳамеша дар дилу дар ёди мо, ҳамкорон, боқӣ хоҳад монд. Ёдаш ба хайр.
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки нома
ш ба накуӣ набаранд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷ
умҳурии Тоҷикистон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *