Даргузашти Мирзобек Ҳоҷиев

Мирзобек Ҳоҷиев, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон, рӯзи 15 ноябр дар маросими дафни ҷанозаи як омӯзгор дар шаҳри Хуҷанд дар синни 71 вафот кардааст.

Маросими дафни Мирзобек Ҳоҷиев, ки ду навбат ба намояндагӣ аз ҳизби коммунист вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд, рӯзи 16 ноябр дар зодгоҳаш – деҳаи Ремони ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад.

Мирзобек Ҳоҷиев рӯзи 15 ноябр дар маросими дафни як омӯзгор дар шаҳри Хуҷанд якбора аз по афтид ва ҷон дод. Вазъи саломати Мирзобек Ҳоҷиев хуб буд ва ӯ бо пои худ аз шаҳри Душанбе ба ин маросими дафн омада буд. Иллати марги Ҳоҷиев ҳанӯз маълум нест.

Ҷанозаи Мирзобек Ҳоҷиевро барои дафн ба зодгоҳаш – деҳаи Ремони ноҳияи Айнӣ бурдаанд. Маросими дафн рӯзи 16 ноябр, соати 11 баргузор мешавад.

Мирзобек Ҳоҷиев соли 1946 дар деҳаи Ремон ба дунё омада, фаъолияти кориашро соли 1966 ҳамчун муаллим дар мактаби рақами 6-уми ноҳияи Айнӣ оғоз кардааст. Ӯ чанд сол ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат” кор карда, сипас ба кори комсомол гузашт ва то ба мақоми котиби якуми комсомоли ноҳияи Айнӣ расид.

Баъди хатми мактаби олии ҳизбии Тошканд дар соли 1980, Мирзобек Ҳоҷиев то соли 1991 дар кумитаҳои ҳизби коммунисти ноҳияи Айнӣ ва вилояти Ленинобод кор кард. Дар солҳои 90 Ҳоҷиев котиби якуми кумитаи ҳизби коммунист дар вилояти Ленинобод буд.

Мирзобек Ҳоҷиев ду навбат – дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2000 ва 2005 ба намояндагӣ аз ҳизби коммунист вакили Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Мирзобек Ҳоҷиев ҳангоми кор дар парлумон аз вакилони хеле фаъол ба шумор мерафт ва аз ҷумла дар соли 2009 тарҳи алтернативии қонун дар бораи хидмати ҳарбиро пешниҳод карда буд.

Мирзобек Ҳоҷиев дар ин тарҳи қонун аз ду сол ба як сол кам кардани замони хидмати ҳатмии ҳарбӣ ва истифодаи хидмати алтернативиро пешниҳод карда буд. Ба ақидаи Ҳоҷиев, шумораи ҷавонони синну соли хидматӣ дар Тоҷикистон назар ба теъдоде, ки артиш зарурат дорад, даҳҳо маротиба бештар аст ва ин боиси афзоиши коррупсия дар мавсимҳои даъват ба хидмат мешавад.

Мирзобек Ҳоҷиев пешниҳод карда буд, ки ҷавононе ки хидмат кардан намехоҳанд, ба ҳисоби вазорати дифоъ як маблағи муайян гузаронанд ва аз ин ҳисоб барои онҳое ки ба хидмат мераванд, шароити хубтаре фароҳам оварда шавад.

Аммо дар ниҳоят парлумон аз тамоми тарҳи пешниҳодии Мирзобек Ҳоҷиев танҳо як пешниҳоди бидуни истисно аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озод кардани тамоми донишҷӯёнро пазируфту халос.

Мирзобек Ҳоҷиев, ба гуфтаи наздиконаш, коммунисти содиқ буд ва соли 1972 ба сафи КПСС пайваста, то дами маргаш ба ҳизби коммунист содиқ монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *