Даргузашти модари дандонпизишки шинохтаи ҷумҳурӣ Меҳрубон Султонов
Модари Меҳрубон Султонов, директори Маркази дандонпизишкии “ЕВРОДЕНТ” дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Маросими видоъ бо модари Меҳрубон Султонов фардо, 4-уми апрел, соати 13:00 дар масҷиди “Сариосиё” доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шабакаи клиникаҳои «ЕВРОДЕНТ» дар шаҳри Душанбе бо иқдоми дандонпизишки машҳур, доктори илмҳои тиб Меҳрубон Шамсиевич Султонов беш аз 15 сол аст, ки фаъолият дорад. Дар давоми фаъолияти судбахш дандонпизишкони «ЕВРОДЕНТ» исбот карданд, ки Тоҷикистон низ метавонад дар сатҳи стоматологҳои Аврупо ба аҳолиаш хизмати тиббии муфид расонад.
Стоматологияи Тоҷикистон ба сатҳи аврупоӣ баромадааст ва шаҳрвандонашро зарур нест, ки барои табобат ба беруни кишвар сафар кунанд.
Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз даргузашти модари Меҳрубон Султонов андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ