Даргузашти Мурод Раҷабов — ҳунарманди маъруфи кинои ӯзбек

Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, ҳунарманди маъруфи кино ва театр Мурод Раҷабов пас аз бемории тулонӣ дар синни 74-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора рӯзи 8 апрел хабаргузории GAZETA.UZ бо такя ба Агентии синамои Ӯзбекистон хабар додааст.

Мурод Раҷабов 30 марти соли 1949 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Соли 1971 Донишкадаи театрию рассомии Тошкандро хатм кардааст.

Фаъолияти актёрии худро соли 1973 бо нақшҳои хурд дар филми «Соҳили оташ» оғоз кардааст. Нақшҳоеро, ки дар филмҳои «Хаёлпарасти аҷиб», «Тӯй муборак», «Роҳҳои оташин», «Баччаҳо аз Танга», «Зани оҳанин», «Марди оҳанин», «Табиби хурдакак», «Шайтанат», «Сарвиноз», «Ҷӯраҳои улфатӣ», «Суперкелинчак», «Севгинатор» ва ғ. ба ӯ шуҳрати калон овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *