Муродулло Сохибов

Даргузашти Муродулло Соҳибов — афсари баландпояи КДАМ

Дар шаҳри Душанбе қалби полковники мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муродулло Соҳибов аз тапидан бозмонд.

Марҳум, ки 84 сола буд, баъди бознишаста шудан раиси Шӯрои собиқадорои КДАМ ҶТ — ро ба уҳда дошт.

Муродулло Соҳибов 3 декабри соли 1939 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Донишгоҳро бо ихтисоси геолог хатм карда, баъдан дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хизмат намуд.

Муддате дар экспидитсияҳои геологӣ дар конҳои Заврон, Арчамайдон, Ровадин, Шингак ва Киштӯдак фаъолият карда, соли 1968 ба мактаби олии КАД СССР ба шаҳри Минск даъват мешавад. Баъди хатми мактаби олӣ дар сохторҳои Кумитаи давлатии бехатарии ИҶШС дар Панҷакент, ноҳияи Ленин ва Ҷиликул фаъолият кард. Қабл аз ба нафақа баромадан дар сохторҳои КДАМ ҶТ дар Душанбе кор мекард. Баъди нафақа раиси Шӯрои собиқадорони КДАМ ҶТ буд. Марҳум ҷанговари интернатсионалист буд. Соли 1989 дар баровардани Артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон заҳмат кашидааст.
Барои хизмати бенуқсон ва бисёрсола полковник Муродулло Соҳибов бо як қатор ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Ҷанозаи Муродулло Соҳибов имрӯз, 22 феврал, соати 13:00 дар масҷиди Сари Осиё баргузор мешавад. Маросими видоъ дар кӯчаи Раҳим Ҷалил 67 (рӯ ба рӯйи меҳмонхонаи «Хилтон») баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *