Даргузашти наттоқи маъруф Лолахон Сатторӣ

Лолахон Сатторӣ, наттоқи машҳур, собиқадори радио ва телевизиони тоҷик аз олам даргузашт. Марҳум 68 сол дошт ва солҳои охир дар вазифаи Раиси Иттифоқи касабаи Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик фаъолият мекард.

Лолахон Сатторӣ соли 1956 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1982 дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик фаъолият мекунад. Аввал наттоқи радио буд. Солҳои 90-ум дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ ва директори телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи «Тоҷиккино», мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик буд. Муддате директори «Тоҷикфилм» ҳам буд. Унвони Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистонро низ дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *