Даргузашти ноиби Раҳмон Набиев. Нарзулло Дӯстов кист?

Собиқ ноиби президенти Тоҷикистон дар замони Раҳмон Набиев – Нарзулло Дӯстовро дар шаҳри Тошканд ба хок супоридаанд. Ӯ 82 сол дошта, солҳои охир дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон  зиндагӣ мекард.  Ҳарчанд ки Нарзулло Дӯстов моҳи ноябр бар асари бемории саратон даргузаштааст, вале аввали моҳи декабр хабари маргаш расонаӣ шуд.

Нарзулло Дӯстов, сиёсатмадори тоҷик ва зодаи ноҳияи Дарвоз дар оғози солҳои 90 –и асри гузашта дар замони президентии Раҳмон Набиев ноиби ӯ интихоб шуда буд.

Ҳафтаи гузашта дар Тошканд маъракаи ёдбуди ӯ сурат гирифтааст. Нарзулло Дӯстов соли 1940 ба дунё омада, дар солҳои 80 ба мақоми раиси автобаза расида буд.  Ӯ соли 1989 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва аз ҷумлаи вакилони фаъоли он ҳайъати парлумон ба ҳисоб мерафт. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1991 Нарзулло Дӯстов ба ҳайси номзад ба ноиби президент дар командаи Раҳмон Набиев буд ва бо пирӯзии Набиев дар интихобот ба мақоми ноибии ӯ расид. Аммо дар моҳи майи соли 1992 таҳти фишори тарафдорони мухолифин, ки дар майдони Шаҳидон дар маркази Душанбе хайма зада буданд, Дӯстов аз мақоми ноиби президент барканор карда шуд.

Моҳи декабри соли 1992 бо пирӯзии Фронти халқӣ Дӯстов боз ба ҳукумат баргашт. Ӯ  як замон вазифаи вазири нақлиёти Тоҷикистонро бар зимма дошт. Соли 1994 Дӯстов аз ин мақом барканор шуд ва чанд соли дигар дар мақоми муовини вазири нақлиёт фаъолият кардааст.

Нарзулло Дӯстов аз соли 1998 то рӯзи маргашт дар Узбекистон зиндагӣ дошт. Ӯ аз ҳамроҳони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дониста мешавад. Дар Тоҷикистон Нарзулло Дӯстов ба гумони талоши табаддулоти давлатӣ, сарнагунии ҳокимият ва ошӯби мусаллаҳона дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *