Даргузашти Обид Асомов
Обид Асомов, ҳунарпешаи маъруфи Узбекистон, ки солҳои охир дар барномаҳои ҳаҷвии телевизионҳои Русия ширкат мекард ва дар Тоҷикистон ҳам аз маҳбубият бархӯрдор буд, даргузаштааст.
Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва Вазорати фарҳанги Узбекистон хабари марги ӯро тасдиқ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.
Баъзе аз расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки ӯ рӯзи 14-уми декабр дар бемористони шаҳри Тошканд ҷон додааст. Асомов 55 сол дошт ва се рӯз қабл бар асари сактаи қалбӣ ба бемористон интиқол ёфта буд.
Обид Асомов аз ангуштшумор ҳунармандони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар шоу-бизнеси Русия ҷойи по ёфтааст. Саҳнаҳои ҳаҷвии Асомов солҳои тӯлонист, ки тариқи барномаи “Аншлаг” ва «Оинаи каҷнамо»-и телевизиони Русия намоиш дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ