Даргузашти Ҷорҷ Буш
Собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора «The Washington Post» бо такя ба изҳороти хадамоти матбуоти ӯ, ки онро рӯзи шанбе, 1 декабр интишор намуд, хабар медиҳад.
«Ҷорҷ Герберт Уокер Буш, сарнишини Неруҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Президенти 41-уми ИМА 30 ноябри соли 2018 аз олам даргузашт», — гуфта мешавад дар изҳорот.
Ӯ дорои 5 фарзанд, 17 набера ва 8 абера буд. Дар бораи макон ва замони баргузории дафни ӯ дертар иттилоъ хоҳанд дод.
Ҳамсари Ҷорҷ Буши калонӣ Барбара Пирс низ соли равон аз олам даргузашта буд. Писари калонии ӯ Ҷорҷ Буши хурдӣ Президенти 43-юми ИМА ва писари дигараш Ҷеб Буш губернатори иёлати Флорида буд.
Солҳои охир собиқ Президент аз бемории паркинсон ранҷ мекашид ва маҷбур шуд, ки дар курсии маъюбӣ ҳаракат кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ