Даргузашти овозхони тоҷик дар Вена
Яке аз овозхонони маъруфи тоҷик Файзулло Шарифиён (Файзулло Шарипов), дар 76-солагӣ, дар шаҳри Вена – пойтахти Австрия – аз олам даргузашт.
Икромиддин, писари Файзулло Шарифиён ба расонаҳо гуфтааст, ки падараш солҳои охир аз бемории қанду саратон ранҷ мебурд.
Бино ба иттилоъи манбаъ ҷасади марҳум дар шаҳри Вена мадфун хоҳад шуд.
Файзулло Шарифиён, соли 1995, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда муқими Вена шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ