Даргузашти падарарӯси Озода Раҳмон
Камол Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири хоҷагии об ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса рӯзи 22-юми июн дар роҳи миёни Норак ва Данғара иттифоқ афтода, эҳтимол ӯ рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Данғара ба хок супурда шавад. Камол Нуралиев 70 сол дошт ва тайи тақрибан ҳашт сол боз бознишаста буд.Камол Нуралиев ду соли пеш академики Академияи байналмилалии инженерӣ интихоб шуда, пеш аз он академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон буд.
Ӯ то соли 2009 муовини вазири хоҷагии оби Тоҷикистон буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ