Даргузашти Полковник аз пневмония

Полковник Арбобқодир Ҷамҳуров, сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати созмондиҳӣ ва сафарбаркунии фаврии Ситоди генералии вазорати дифоъи Тоҷикистон нимарӯзии 10 май дар синни 55 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора “Sputnik” хабар медиҳад.

Тавре манбаъ дар такя ба иттилои Ориф Низомиён, сухангӯи вазорати мудофиа хабар медиҳад, марҳум беш аз як ҳафта дар шифохонаи низомӣ ба табобати дил машғул буда, ду рӯз пеш аз маргаш фориғ шудааст. «Ду рӯз он кас дар манзили худ буданд ва имрӯз хабар расид, ки аз сактаи дил вафот кардаанд. Полковник Арбобқодир Ҷамҳуров як инсони меҳрубону низомии ҳирфаии шоиста буданд, ки хизматҳои он кас пеши ватану миллат фаромӯш намешавад”, — гуфт Ориф Нозимиён. Субҳи 10 май Карим Каримӣ, додситони ноҳияи Файзобод ва чемпиони 7-каратаи Тоҷикистон дар гуштини юнонивую румӣ низ дар синни 47 аз илтиҳоби шуш (пневмония) вафот кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *