Даргузашти профессор Хушқадамов
Зулмакон Хушқадамов, доктори улуми тиб, профессор, сармутахассиси вазорати танудрустии Тоҷикистон, шаби 18 ба 19 декабр дар шуъбаи эҳёи корпуси 5-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (беморхонаи Қарияи Боло) дар синни 56 бар асари сактаи мағзӣ вафот кард. “Маризии он кас ба “вируси корона” ҳеҷ рабт надорад. Он кас ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, муддате беҳушу ёд хобида, шаби гузашта аз олам чашм пӯшиданд”, – гуфтааст яке аз наздикони марҳум ба хабаргузории “Спутник”. Ҷанозаи Зулмакон Хушқадамовро барои дафн ба зодгоҳаш – деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон фиристодаанд.
Зулмакон Хушқадамов соли 1964 дар Нишусп ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ яке аз коршиносони варзидаи риштаи ташхиси судӣ-тиббӣ ба шумор мерафт ва дар ин соҳа беш аз 150 мақолаву рисолаи илмӣ таълиф кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ