Даргузашти раиси ноҳия аз COVID-19

Нисфирӯзии 20 май Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, раиси ноҳияи Тоҷикобод дар хонаи падараш дар деҳаи Нушори поён аз олам даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 50-сол дошт.

Ба гуфтаи наздиконаш, Маҳмадшозода 3-4 рӯз боз аз сурфаву нафастангӣ ранҷ мекашид ва дар хона табобат мегирифт. Рӯзи 20 май аз ноҳияи Рашт барои муоинаи Ҳамидулло Маҳмадшозода табибонро даъват кардаанд, аммо аллакай дер шуда буд.

Ҳамидулло Маҳмадшозода аз 23 ноябри соли 2018 раисии ноҳияи Тоҷикободро бар ӯҳда дошт. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то соати 17:30 дақиқаи 19 май дар Тоҷикистон 207 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба итилои манбаъ, то ин дам 1936 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.Тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

То 19 майи соли равон дар мамлакат 3781 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 641 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *