Даргузашти собиқ раиси “Амонатбонк” бо писари 25-солааш дар як фосилаи вақт
Руҳуллоҳ Ҳакимзода, собиқ раиси “Амонатбонк” ва писараши 25 солааш Кароматуллоҳ Руҳуллозода аз бемори паси ҳам даргузаштаанд. Дар ин бора Сайфулло Салимов собиқ сухангӯи “Амонатбонк” хабар медиҳад.
Тавре, Салимов
хабар медиҳад:
“Рахмати Аллох насиби акаи киематим Рухулло боша, ки имруз дар як фосилаи кутох
бо Кароматуллочон бачахакуш мора тарк гуфтанд ((( .. дигар хичи намегум акаи
киематим буд акаи хайрхохи дасткушод буд акаи Рухулло Хакимзода . Акам
инсоне буд, ки гуе медонист роххои дехара мумфарш кард, ки мардум осоиш раванду
оянд. Акам инсоне буд ки очам бачачонаш мегуфт фарзандом бобои Рухулло. (((
Дасткушоду хайрхох акам рафт. Акам инсоне буд, ки мегуфт хич вакт хиенат наку
дасту Дили пок Кати кор Кун Аллох ризка метияд, хиенат накун Сайфулло, ки ма
набинум Аллох мебина. Мегуфт такя ба Аллох букун дигар хичи мегуфт. Хар Чи
кадаре метони хайр ку мегуфт … Дар як Сол чахор Панч маротиб 70-80 оилара
кумак мекарду мегуфт и хайроти охиратай… гуе медонист акам (((мегуфт Сайфулло
То Рузе хастум Инша Алох фикр Кун, ки
акат дар пахлутай мегуфт ((( Аллох рахматут куна акачони Ман, ки ба сад умед
Кароматуллочон Кати аз ин дунеи макони дуруягию дуруг рафти..((( Маконут фирдавсхои
чаннат боша акачонум..»
Ба иттилои манбаъ, падару писар Руҳуллоҳ ва Кароматуллоҳ дар
фосилаи кӯтоҳ яке паси дигаре дунёро тарк карданд. Сабаби даргузашти падару
писар гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ мешавад, аммо расман ҳоло ин иттилоъ
тасдиқ нашудааст.
Руҳулоҳ Ҳакимзода аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон
буд, ки солиёни дароз дар мақомҳои роҳбарӣ дар вилояти Хатлон ва Вазорати
молияи ҷумҳурӣ кор карда, аз соли 2015 то аввали 2019 роҳбарии калонтарин бонки
давлатии кишвар, «Амонатбонк»-ро ба уҳда дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ