Даргузашти собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар

Тағойбобои Абдуалими Шукурзод, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз олам даргузашт. Дар ин бора аз раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд.  

Тағойбобои Абдуалими Шукурзод 10 феврали соли 1954 дар деҳаи Экизаки ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Аммо баъд аз муҳоҷир шудани падараш Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ҳаёти бачагӣ ва мактабии ӯ дар ин деҳа сипарӣ шудааст. Номбурда хатмкардаи  Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб бо ихтисоси физика ва математика мебошад.  фаъолияти омӯзгориаш низ аз ҳамин донишгоҳ оғоз ёфтааст. Ӯ рисолаи номзадиро дар Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Украина дифоъ кардааст.

Солҳои 1991-1994 мудирии кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бар уҳда дошт. Соли 1993 соҳиби унвони дотсентӣ гардид.
Тағойбобои Шукурзод аз соли 1994 то соли 2000 вазифаи декании факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппаро бар уҳда дошт. Аз соли 1997 узви вобаста ва аз соли 2006 узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия интихоб гардидааст. Солҳои 2000–2003 ба таври интиқол ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовин, сипас муовини аввали сардори идораи аттестатсия ва аккредитатсияи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузаштааст.
Моҳи декабри соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гузариш аз вазифаи ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гузаронида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *