Даргузашти собиқ вакил ва сиёсатшинос Шодӣ Шабдолов
Яке аз раҳбарони собиқи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов даргузашт.
Ду рӯз пеш чеҳраи саршинос Шодӣ Шабдолов зодрӯз дошт. Ӯ 80-солагияшро 17 октябр таҷлил кард. Даргузашти ӯро наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои дарёфтнамудаи Pressa.tj вакил ва сиёсатшинос дар шаҳри Хоруғ аз олам чашм пӯшидааст.
Шодӣ Шабдолов баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 2016 раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва яке аз вакилони фаъоли парлумони кишвар буд. Солҳои охир бознишаста ва аз сиёсат канор рафта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ