Даргузашти собиқадори футболи тоҷик Олег Хабӣ
Собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши ИҶШС, мураббии хизматнишондодаи ҶШС Тоқикистон Олег Иосифович Хаби дар синни 85-солагӣ даргузашт. Ӯ 13-уми январ дар шаҳри Маскав пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ ин дунёро падруд гуфт.
Олег Хабӣ ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳҳои «Энергетик»-и Душанбе ва «Помир»-и лигаи дуюм ва якуми класси «А»-и ИҶШС бозӣ карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.
Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ Хабӣ аз соли 1976 то 1980 ва аз соли 1983 то ноябри соли 1988 узви ситоди мураббиёни «Помир»-и Душанбе буд. Моҳи ноябри соли 1988 ба ҷойи Шариф Назаров сармураббии «Помир» таъйин гардид. «Помир» таҳти роҳбарии Олег Хабӣ тамоми мавсими 1989-ро сипарӣ карда, дар он бори аввал дар Лигаи олии ИҶШС баромад ва дар натиҷа зинаи 13-умро ишғол кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ