Даргузашти собиқадори матбуот суратгир Аҳлиддин Исоев

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 70-солагӣ, яке аз собиқадорони матбуот, журналисти суратгир Аҳлиддин Исоев аз олам даргузашт. Ба иттилои пайвандонаш ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз, 29.04. 2021 дар хонааш, маҳаллаи Зарафшон, назди Маркази саломатии 14 баргузор мешавад.

Аҳлиддин Исоев яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик буд, ки зиёда аз 50 сол бо суратгирӣ саҳифаи нашрияҳоро зеб медод. Марги ӯро ҳамкасбонаш талафоти азим арзёбӣ мекунанд.

Исоев Аҳлиддин Қудратуллоевич 3 июли соли 1951 дар ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) таваллуд шудааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 49 соли 1970 ба идораи рӯзномаи “Ҳақиқат” ба кор омада, дар вазифаи мухбири суратгир то соли 1973 кор кард.

Солҳои 1973-1975 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Советӣ хизмат кардааст. Баъди хизмат солҳои 1975-1977 ҳамчун суратгир дар стансияи Маркази натуралистони ҷавони шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1977-1988 мухбири суратгири рӯзномаи “Комосомоли Тоҷикистон”. Солҳои 1988-2007 ба сифати мухбири суратгири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ҳоло “Ҷумҳурият” кор кардааст. Аз соли 2001 мухбири суратгири рӯзномаи “Садои мардум” буд. Солҳои охир дар идораи “Паёми Душанбе” машғули кор буд.

Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Хизматҳои соли 1998 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз марги Аҳлиддин Исоев андуҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *