Даргузашти собиқадори матбуот Турдиалӣ Бойбобоев

Турдиалӣ Бойбобоев, яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон шоми 24 октябр дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, намози ҷанозаи марҳум рӯзи 25 октябр, соати 12 дар ҳавлиаш дар суроғқаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 120 дар назди чорроҳаи музейи Мирзо Турсунзода, дар паҳлуи хона-музейи Зиёдулло Шаҳидӣ доир мешавад.

Турдиалӣ Бойбобоев соли 1936 дар ноҳияи Ашт, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №1-и ба номи Умари Хайёмро дар зодгоҳаш хатм карда, ба Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба факултаи таъриху филология дохил шудааст.
Моҳи августи соли 1962 корро дар рӯзномаи «Ифтихори Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа шуруъ мекунад. Сипас, ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон”) ба кор даъват мешавад. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ” (ҳоло «Ҷумҳурият”) ҳам аввал хабарнигори махсус, минбаъд ба ҳайси мудири шуъбаи кишоварзӣ 21 сол ифои вазифа намудааст. Соли 1988 маҷаллаи «Илм ва ҳаёт” таъсис ёфт, ки Турдиалӣ Бойбобоев аввал муҳаррири шуъба ва аз соли 1993 то апрели соли 2012 вазифаи сардабирии онро бар уҳда дошт. Собиқаи беш аз 50-солаи кор дар матбуотро дорад. То ҳол навиштаҳояш дар 17 китоб нашр шудаанд. Соли 2006 китоби аввалинаш «Қулла” ва минбаъд ду китоби дигараш «Теғи шифо” ва «Ангушти шашум” аз чоп баромадаанд. Т. Бойбобоев дорандаи ордени «Нишони фахрӣ”, медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок”, «Собиқадори меҳнат”, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дорандаи тахассуси олим-агроном мебошад.

Маълумот аз саҳифаи Нуриддин Қаршибоев дар Фейсбук

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *