Даргузашти Собир аз филми “Агар дӯст дорӣ”

Рустам Уразаев, яке аз коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои сериали «Агар дӯст дорӣ» дар синни 66-солагӣ даргузашт.

Ӯ дар филми тоҷикии «Ошпаз ва сароянда» ҳамроҳи Махфират Ҳамроқулова нақши асосиро бозида, пас аз намоиши филми «Садама дар фурудгоҳ» шуҳрат пайдо кард.

Уразаев соли 1958 дар Тошканд таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи рассомӣ (шуъбаи дизайн ва ороиш), баъдан факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм кардааст.

Уразаев ҳамчун режиссёр дар наворбардории сериалхои «Саргузашти занон», «Шамшер», «Веб», «Гвардияи панҷум», «Из» ва ғайра низ иштирок кардааст. Ба ҳайси актёр дар сериалҳои «Албанӣ», «Табиби ҷодугар», «Полис», дар филмҳои «Сароб» ва «Рӯйхати ҳисоб» нақш бозидааст.

Бори охир Уразаев дар сериали «Вирус» дар соли 2019 дар экран пайдо шуда буд. Ба навиштаи Express Gazeta, актёр дар бемористони Маскав бо бемории саратон мубориза мебурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *