Даргузашти Султон Тӯраев
Султон Тӯраев, яке аз тоҷирони маъруфи Истаравшан ва бародари Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо, сиёсатмадори маъруфи Тоҷикистон дар синни 69 – солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт.
Яке аз наздикони марҳум дар таъйиди ин хабар гуфтааст, ки Султон Тӯраев тайи даҳ рӯзи ахир дар Шифохонаи шаҳрии Истаравшан бо ташхиси “илтиҳоби шуш” табобат мешуд.
Султон Тӯраев дуввумин намояндаи хонаводаи маъруфи Тӯраевҳо дар Истаравшан аст, ки дар замони пандемияи “вируси корона” оламро тарк мекунад.
30 майи соли равон бародари ӯ Сайфиддин Тӯраев дар синни 75 – солагӣ вафот карда буд. Бародари бузурги онҳо — Қурбон Тӯраев низ дар ин миён як бор ба маризӣ печида, пас аз муддате шифо ёфт.
Сайфиддин ва Қурбон Тӯраевҳо сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистонанд, ки дар солҳои 90 – ум барои истиқрори сулҳ ва як ҳукумати мутамарказ дар Тоҷикистон нақши боризе доштанд.
Сайфиддин Тӯраев дар гузашта вазири хидмати маишӣ (1986-89), муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ буд ва дар интихоботи президентии ноябри соли 1999 номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Қурбон Тӯраев дар замони Шӯравӣ раиси Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ, Мастчоҳ, шаҳри Ӯротеппа, пас аз истиқлолият вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.Ҳарду солҳои 1990 узви Шӯрои олӣ буданд ва дар иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ширкат намуда, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Шӯрои олӣ пуштибонӣ намудаанд.
Дар қиёс бо бародарони худ Султон Тӯраев як умр бо тиҷорат машғул буд. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ дар заминаи Идораи тиҷорати давлатии ҳукумати шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) Ҷамъияти саҳҳомии “Хуросон” – ро таъсис дода, то дами марг роҳбари он буд.Аз сӯи дигар, ба қавли наздикон, Султон Тӯраев ҳарчанд бо сиёсат сарукор надошт, аммо ба шеъру шоирӣ алоқаи зиёд дошт.Ҷанозаи марҳум дирӯз дар қабристони Калламанораи шаҳри Истаравшан ба хок супурда шуд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ