Даргузашти Убайдуллои Ширин

Шаби гузашта шоир ва журналисти шинохта , узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Убайдуллоҳи Ширин дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон, дар  синни 65 солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Убайдуллои  Ширин бо шеърҳои худ ва қиссаҳояш дар ҳафтаномаи “Оила” дар ёди хонандагон  мондааст. Матни суруди “Духтари урметанӣ”, ки бо садои Қобилҷон Зарифов байни шунавандагон машҳур гашт ва  шеъри машҳури “Имоми Аъзам” ба қалами ин шоир тааллуқ доранд. Охирин китоби Убайдулло бо номи «Беназир» ба фаъолияти эҷодии сарояндаи шодрвон ва нобино Тағоймурод Хушвахтов бахшида шудааст. Шоир инчунин муаллифи чанд  маҷмӯаи шеърӣ аст ва яке аз шогирдони устод Қутбӣ Киром маҳсуб мегардид. Убайдуллои Ширин ҳамчунин муҳаққиқи таърихи Ёвон буд ва оид ба ин мавзӯъ китобе низ таълиф намудааст. Ӯ то замони ба нафақа рафтанаш дар ҳафтаномаи “Оила” ва “Боҷу хироҷ” чун рузноманигор фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *