Даргузашти Қудрат Афардӣ
Раиси намояндагии ширкати телевизионии “Мир” Қудрат Афардӣ, рӯзи 17 август дар синни 44-солагӣ даргузашт.
Хабари мазкурро Парвиз Юсупов муовини раиси намояндагии ширкат дар Душанбе тасдиқ кардааст. ба гуфти номбурда Қудрат Афардӣ дар хонааш дар Душанбе даргузашт. Мувофиқи гуфти пайвандони маҳрум фарзияи аввалини маргро табибони ёрии таъҷилӣ — сактаи қалб гуфтаанд.
Қудрат Афардӣ давоми 10 соли охир раҳбарии намояндагии ширкати телевизионии «Мир» дар Душанберо ба ӯҳда дошт.
Қудрат Афардӣ кор дар шабакаи «Мир»-ро охири декабри соли 2007 шурӯъ карда, соли 2012 бо амри президенти Русия Владимир Путин дар баробари дигар раҳбарони намояндагиҳои ширкати телевизионии «Мир» дар қаламрави Муштарак-ул-Манофеъ, «барои саҳмаш дар рушди телевизиону радио ва кори пурмаҳсули бисёрсолааш» бо «Ордени дӯстӣ» қадрдонӣ шуда буд.
Қудрат Афардӣ — писари бузурги нависандаи равоншод Сайф Раҳим (Афардӣ) буд. Қабл аз «Мир» дар идораҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи «Тоҷиккино» кор кардааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Вай падари ду фарзанд буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ