Даргузашти устод Қушматов
Илми тоҷик боз як талафоти бузурге дод. Доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Қушматов дунёи фониро падруд гуфта ба ҷавори Ҳақ пайвастанд.
Маросими ҷанозаи устоди шодравон имрӯз 16-уми декабри соли равон, соати 10.00 дар зодгоҳашон деҳаи Мулломири ноҳияи Ашти вилояти Суғд доир гардид. Ёдашон ба хайру гиромӣ бод. Ба аҳли оила ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем!
Профессор Қушматов соли 1950 дар ноҳияи Ашт ба дунё омада, риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1969 хатм карда буд. Пас аз хатми донишгоҳ тадриси таърихро дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултаи таърихи ин донишгоҳ оғоз мекунад.
Абдувалӣ Қушматов рисолаи номазадии худро дар мавзуъи «Заминдории вақфи шимоли Тоҷикистон дар соли 1870-1917» ва рисолаи докториро дар мавзӯи: «Деҳқонони тоҷик дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (солҳои 1867-1917)» дифоъ мекунанд.
Ин таърихдон ва омӯзгори ботаҷриба то поёни умри худ дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни дарс мегуфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ