Даргузашти устоди Ҷонибеки Мурод
Илҳом Урмонов, бастакори шинохтаи тоҷик рӯзи 12 апрел дар синни 48 аз олам чашм пӯшид. Маросими видоъ ва дафни ҷанозаи Илҳом Урмонов имрӯз, соати 11:30 дар деҳаи Сойчаи ҷамоати Ёва доир мешавад.
Шогирдони сершумори Илҳмо Урмонов рӯзи 12 апрел аз марги бармаҳали ин бастакор ва оҳангсози тоҷик хабар доданд. Ҷонибеки Мурод, овозхони маъруф ва аз шогирдони Илҳом Урмонов дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: «Дӯстон, хабари ғамангез! Инсони наҷиб, инсоне, ки ман шахсан мадюнаш ҳастам, устоди ман Илҳом Урмонов бармаҳал аз дунё рафт. Худои меҳрубон раҳмат кунад Устодро!”
Илҳом Урмонов 12 феврали соли 1970 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба дунё омада, мактаби рақами 31 ва соли 1986 Донишкадаи педагогии Ленинободро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти ҳунариашро дар гуруҳи «Майл” ҳамроҳ бо Анвар Қосимов оғоз кард. Урмонов муассиси гуруҳҳои пуровозаи эстрадаии «Парвиз”, «Адиб” ва «Боло”, ки Ҷонибеки Мурод нахустин қадамҳояш ба ҷодаҳои ҳунарро дар ҳамин гуруҳ гузошт, буд. Илҳом Урмонов ҳамчунин роҳбари театр -студияи «Ҷорӯб” ва муаллифи даҳҳо таронае буд, ки бо шарофати бастакории ҳунармандонаи ӯ ба таронаҳои хит табдил ёфтаанд.Дар соли 2006 ба Илҳом Урмонов унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ