Даргузашти журналист Андрей Бабитский – фарзанди ситораи синамои тоҷик Марат Орипов
Журналисти шинохтаи рус Андрей Бабитский шаби 1-уми апрел дар манзилаш дар шаҳри Донетск вафот кардааст. Ӯ ҳамагӣ 57 сол дошт.
Дар бораи марги Андрей Бабитский чизе гуфта нашудааст. Андрей Бабитский фарзанди ҳунарпешаи шуҳратёри синамои тоҷик Марат Орипов ва сенариянавис Зоя Бабитская буд.
Ӯ 26-уми сентябри соли 1964 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст, вале давраи кӯдакиаш чандин сол дар Душанбе зиндагӣ карда, дар ҳаминҷо ба мактаб рафтааст. Бабитский баъдан риштаи филологияи Донишгоҳи Маскавро хатм кард.
— Вай аз соли 1989 то 2014, дар тӯли 25 сол дар Радиои «Свобода» кор кард ва бо гузоришҳои пурҷасорати худ аз манотиқи ҷангзада, аз ҷумла аз Афғонистон ва бахусус Чеченистон ном бароварда буд,- менависад «Бомдод».
Марианна Арипова, хоҳари Андрей Бабитский дар марги бародараш дар «Фейсбук» навишт: “Алвидоъ, бародари ҷасурам. Ту барои ҳама ҳамеша улгуи журналист хоҳӣ буд — поквиҷдон, одил, гузаштнопазир, пуристеъдод ва Ҳирфаӣ бо ҳарфи бузург. Хелеҳо бояд аз ту чизҳои зиёдеро биомӯзанд! Чӣ ҳайф, ки ин қадар барвақт рафтӣ… Худованд раҳматат кунад!”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ