Даргузашти журналисти 47- сола аз коронавирус

Ҳабиба Қурбонова, собиқ корманди Телевизиони Тоҷикистон, ки солҳои охир дар китобхонаи ба номи устод Лоҳутӣ ва ахиран дар нашриёти “Адиб” кор мекард, тайи чанд рӯз боз дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ хоб буду тайи чанд рӯзи охир зери асбоби нафаскашӣ сунъӣ қарор дошт, шоми 6 уми июл аз панҷаи маргзои коронавирус раҳоӣ наёфт.

Ростӣ бо шунидани марги ин бонуи саропо меҳру адаб фазои синаамро ғам фаро гирифту ашк сари мижгонам бор гашт. Охир ӯ замоне ки дар телевизион кор мекард, бо ҳам шарҳи матбуоти он рӯзро мебурдем. Ҳабиба чӣ дар гуфтор ва чӣ дар рафтор басо малеҳо буд. Табассуми ҳамешагияш ба дилу дидаи бинанда нуру зиё меовард.
Вале бо он ҳама шукуфтаҳолияш як ҷаҳон дарду ҳасратеро дар замираш фурӯ мебурду забони шиквае боз накардааст.

Бону Ҳабиба як зани соҳибмаърифати чеҳрахандону дилошное буд.
Дар саҳифаи фейсбукииям доимо бо ҳам дар сӯҳбат будем.
Дареғо ай дили бедору диди раънову қомати зебо, ки дар синни 47 солагӣ, дар чунин айёми шукуфонӣ тарки мо ёру дӯстон карда, ба сӯйи модари хокии худ кӯч бастаӣ!

Мо гуруҳи ёру дӯстон аз сомонаи Pressa.tj ба аҳли хонадон ва пайвандону наздиконат дар ин рӯзи мусибат, ғамшакирашон гашта, ба ишон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонем.
Иллоҳо хонаи охиратат ободу нурафшон бошад Ҳабибабонуи дардошно!!! Омин!
Аз номи гуруҳ Мухтори Сайидбурҳон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *