Дархости Раҷабббой Аҳмадзода аз сокинони Конибодом

Раиси вилояти Суғд ба куштори чанд оила дар шаҳри Конибодом вокуниш кард.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд 16-уми декабр ба шаҳри Конибодом рафта, бо фаъолони шаҳр вохӯрд.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки «давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст».

Ба иттилои манбаъ, барои пайдо кардани омилони ин кушторҳо, «беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада», барои «дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон» талош доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки раванди тафтишот зери назорати роҳбарияти давлат қарор дошта, шаҳрвандон набояд ба таҳлука афтанд. Аҳмадзода аз сокинони Конибодом дархост кард, ки бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд, ҳушёру зирак бошанд.

Гуфта мешавад, ки дар Конибодом ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯчаҳо камераҳои назоратӣ гузошта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *