Дархости Украина барои узвият ба НАТО

Украина чанде пеш эълон кардааст, ки барои узвият ба ҳайати НАТО мутобиқ бо барномаи фишурда дархост хоҳад кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президент Зеленский хабар дод.

Парлумони Украина дар моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун ислоҳот ворид карда, аз мақоми бетарафии давлат даст кашид.

Моҳи феврали соли 2019 парлумони Украина ислоҳот ба конститутсияро қабул кард, ки роҳи кишварро барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО муайян мекунад.

Украина шашумин давлатест, ки дар НАТО мақоми шарики бо имкониятҳои васеъро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *